1249 НАФАР АНДОЗСУПОРАНДА ҶАРИМА ШУДАНД
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори шӯъбаи робита бо ВАО ва протоколи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саидмурод Рабизода, кумитаи мазкур бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳисобу китоби соҳибкорони ба тиҷорат машғул дар дӯкону мағозаҳо насб кардани мошинҳои назорати хазинавиро талаб менамояд. Дар соли 2008 ба миқдори 9904 адад мошини назорати хазинавӣ дар дӯкону мағозаҳои савдо насб карда шудааст. Соли ҷорӣ барои вайрон кардани қоидаҳои савдо ва истифодаи ғаразноки мошинҳои назорати хазинавӣ 1249 нафар андозсупоранда ба маблағи 271 ҳазору 695 сомонӣ ҷарима карда шуд. Дар сурати истифодаи дурусти мошинҳои назорати хазинавӣ маблағҳои аз андоз пинҳон намуда ошкор карда мешаванд. Аз ин рӯ, андозсупоранда барои истифодаи мошинҳои назорати хазинавӣ ҳавасманд нест, аммо ин ба хости онҳо ҳам вобаста нест. Дар сурати истифода накардани ин мошинаҳоаз тарафи Кумитаи андоз чораҳои қавитар андешида мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






