ӮЗБЕКИСТОН АЗ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ ДАСТАҶАМЪӢ ХОРИҶ НАХОҲАД Ш
Маскав, 18 декабр. (АМИТ «Ховар» — газета. Ру.).- Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа имрӯз зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳайати созмон хориҷ нахоҳад шуд. Ман ягон имконияти аз ҳайати созмон хориҷ гардидани Ӯзбекистонро тасаввур карда наметавонам, зеро барои ин ягон асос вуҷуд надорад, гуфт вай. Зиёда аз ин, Ӯзбекистон иштироки худро дар фаъолияти СААД торафт бештар тақвият медиҳад. Ҳаминро мисол овардан кофист, ки дар вазорати корҳои хориҷии ин мамлакат барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти иҷроияи Ӯзбекистон дар бобати ҳамкорӣ бо мамлакатҳои дигари аъзои созмон раёсати махсус ташкил карда шудааст, гуфт дар хотима Н.Бордюжа. Тарҷумон — Қудратов А.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






