30 – СОЛАГИИ ГАНДУМИ «ВАТАН»- РО ҶАШН ГИРИФТАНД
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ олимони соҳа 30 – солагии ба истифода дода шудани гандуми навъи «Ватан»-ро ҷашн гирифтанд. «Ватан» ба навъи гандуми сахтдона тааллуқ дорад ва аз соли 1978 ноҳиябандӣ шудааст. Давраи нашъунамояш 210- 220 рӯзро ташкил медиҳад. Он ба касалиҳои «замбурӯғӣ», «занги зард» ва «сиёҳак» тобовар аст. Ҳосилнокии ин навъи гандумро олимон дар заминҳои обӣ ба ҳисоби миёна 50 с/га муайян кардаанд. Сифати орду нонаш хеле хуб мебошад, моддаи часпанда (клековина)-аш 37 фоизро ташкил медиҳад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






