43 МИЛЛИОНУ 622 ҲАЗОР ДОНА ТУХМ ГИРИФТА ШУД

Декабрь 10, 2008 13:56

             Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.10. 2006 таҳти рақами 451 тасдиқ гардидани Барномаи рушди паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2015 ба пешравии соҳа мусоидат намуд. Бояд зикр намуд, ки соҳа дар солҳои 1991-95 қариб ба нестшавӣ расида буд. Рушди соҳа мавриди таваҷҷӯҳи шахсии Президенти ҷумҳурӣ қарор гирифта бошад ҳам, дар солҳои 1991-2000-ум бо сабаби рушди нокифояи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба миён гузоштани соҳаи паррандапарварӣ боз дошта шуд. Баҳри рушди соҳа ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ зарур буд. Бо истифода ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар як муддати кӯтоҳ дар ноҳияҳои Сарбанд, Мӯъминобод, Бохтар, Ваҳдат, Файзобод, Конибодом, Истаравшан ва  ноҳияи Мастчоҳ 9 корхонаи паррандапарварӣ ба кор даромад. То 1-уми октябри соли 2008 дар корхонаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ 923 ҳазору 204 сар парранда парвариш ёфта, 43 миллиону 625 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Декабрь 10, 2008 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид