АНҶУМАНИ ҶАВОНОНИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР КИШИНЁВ КУШОДА ШУД
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Молдавия — шаҳри Кишинёв Анҷумани ҷавонони мамлакатҳои ИДМ кушода шуд. Анҷуман таҳти шиори «Ҷавонон тарафдори ҳамкорӣ» баргузор мегардад. Ҳадафи анҷуман муттаҳид сохтани ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон, амалӣ сохтани барномаҳои мутақобилан муфид, истифода аз имкониятҳои эҷодии ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии мамлакатҳои ИДМ мебошад. Иштирокчиёни анҷуман проблемаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷавонони мамлакатҳои Иттиҳодро муҳокима мекунанд. Дар чараёни анҷуман мулоқоту вохӯриҳои иштирокчиёни он бо донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахти Молдавия пешбинӣ карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун дар анҷуман дар мавзӯи «Сиёсати ҷавонон дар ИДМ» маърӯза мекунад. Дар фарҷоми анҷуман қатъномаи доманадор қабул карда хоҳад шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






