«ARVIN ARMAN»-И ЭРОН БО ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 16-уми декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Раиси палата Шариф Саид ва роҳбари иҷроияи ширкати дорусозии «Arvin Arman» Ризо Саидӣ мулоқот доир гардид. Тавре аз палатаи савдо ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо дар мавзӯи роҳандозии ҳамкориҳои муштарак бо ширкатҳои дорусозии Тоҷикистон ва ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ байни ин ду давлат гуфтугузор намуданд. Ризо Саидӣ изҳор дошт, ки ширкати «Arvin Arman» аз кишварҳои Аврупо маҳсулоти доруворӣ ворид месозад ва онҳо ният доранд дар Тоҷикистон низ фаъолияти худро ба роҳ монанд. Қаблан дар ин хусус бо вазири тандурустии Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд. Шариф Саид дар навбати худ талаботи мавҷударо ҷиҳати таъмини кишвар бо маҳсулоти дорувории аврупоӣ ва технологияи истеҳсоли он таъкид сохта, баён дошт, ки пешниҳоди ширкати эронӣ бояд мавриди таваҷҷӯҳи коршиносони ин соҳа қарор гирад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






