АЗ 100 НАФАР ДОВТАЛАБ 48 НАФАР МАНСАБДОР ШУД
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).-Мақомоти андоз яке аз соҳаҳои зарурӣ дар сохтори давлатдории Тоҷикистони навин ва соҳибистиқлол аст,- иброз дошт мутахассиси калони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Гулсара Лутфуллоева ба мухбири АМИТ «Ховар». Бо мақсади ба кор ҷалб намудани кадрҳои болаёқат дар кумита пайваста озмунҳои соҳавӣ — касбӣ гузаронида мешавад. Дар 11 моҳи соли 2008 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ чор маротиба озмун баро ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шудааст. Барои иштирок дар озмуни рӯзи 11-уми декабр, ки тибқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 10-уми Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ гузаронида шуд, 100 нафар довталаб роҳхат гирифт. Шартҳои озмун барои ишғоли вазифаҳо тавассути рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Боҷу хироҷ» нашр шуда буд. Ҳайати ҳакамон бо роҳбарии муовини аввали раиси кумитаи мазкур Н.М. Давлатов донишу маҳорати 48 нафар довталабро дар асоси шартҳои эълоншудаи озмун дуруст шуморида, онҳоро барои ишғоли ҷойи нави кор ва мансаб табрик намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






