АЗ БОРХАЛТАИ ДАСТГИРШУДАГОН ГЕРОИН ЁФТАНД
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони шӯъбаи 2-юми Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандагони кӯчаи Ширкенти шаҳри Турсунзода Суҳроб Сафарови 32-сола ва Сайёд Аҳмадови 21-соларо дар интиқоли гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор гумонбар дониста, дастгир намуданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз борхалтаи дастгиршудагон қариб 2 килограмм героин ёфт ва мусодира гардид. Оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






