АЗ ИСТЕЪМОЛИ МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ ХУДДОРӢ НАМОЕД!
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар арафаи фарорасии соли нави 2009-ум қарор доранд. Дар ин рўзҳо аз ҳар гуна маҳсулоти хўрока истифода мебаранд, аз он ҷумла аз маҳсулоти консервагӣ ва қаннодии дар шароити хона тайёршуда. Аз ҳамин лиҳоз, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии бемории ботулизм ва дигар бемориҳои сироятӣ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки аз истеъмоли ҳар гуна маҳсулоти пастсифати дар шароити хона тайёршуда худдорӣ намоянд. Бояд қайд намуд, ки ботулизм бемории вазнини гурӯҳи заҳролудшав аз маводи хўрокаи микробдошта мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






