АЗ МАРГИ БЕНАЗИР БҲУТТО ЯК СОЛ ГУЗАШТ

Декабрь 26, 2008 16:43

          Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 27-уми декабр аз марги яке аз чеҳраҳои сиёсии маъруфи ҷаҳонӣ хонум Беназир Бҳутто як сол пур мешавад.          Имрӯзҳо даҳҳо ҳазор покистониҳо дар канори оромгоҳи Беназир Бҳутто, ки як сол қабл дар як ҳамлаи террористӣ кушта шуда буд, гирди ҳам меоянд. Айни ҳол тақрибан 35 ҳазор нафар ба шаҳри Гархи Худобахш, воқеъ дар ҷануби Покистон омадаанд, ки маросими ёдбуди хонум Бҳутто рӯзи шанбе дар ин ҷо баргузор хоҳад шуд.           Сарвазири собиқ ва раиси Ҳизби мардумии Покистон се моҳ қабл аз ҳалокаташ аз ҳиҷрати чандинсола ба Ватан баргашта буд. Ӯ дубора вориди сиёсат шуд ва бо вуҷуди таҳдидҳои зиёд ба хотири пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи парлумонӣ ба тарғибот шурӯъ кард.         27-уми декабри соли 2007 дар яке аз ҳамин гуна маъракаҳои тарғиботӣ дар шаҳри Равалпиндӣ ӯ  ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт. Баъд аз бозгашти дубораи Бҳутто ба Покистон дар моҳи октябр, ин дуввумин кӯшиши сӯиқасд ба ҷони ӯ буд. Дар натиҷаи сӯиқасди аввал 139 нафар ба қатл расида буд.           Бояд қайд кард, ки Беназир Бҳутто нахустин занест, ки роҳбари Покистон буд. Ӯ 3-юми декабри соли 2007 дар нишасти хабарие дар Исломобод гуфта буд, ки ба интихоботи одилона дар кишвараш бовар надорад. «Дар шароити кунунӣ интихоботи одилона баргузор намешавад. Мо интихоботи одилона мехоҳем. Мо ба тавофуқ расидем, ки интихоботи одилона баргузор шавад. Мо ба тавофуқ расидем, ки агар интихоботи озоду одилона баргузор нашавад, фишор ба мардум афзоиш меёбад», — мегуфт ӯ.        Аммо қабл аз ин изҳороти Беназир Бҳутто 29-уми ноябри соли 2007 Президенти вақти Покистон Парвиз Мушарраф дар маросими иҷрои  савганди Сарвариаш дар Исломобод чунин изҳор дошта буд: «Нахуствазирони собиқ — Беназир Бҳутто ва Навоз Шариф баргаштанд. Ман шахсан эҳсос мекунам, ки ин барои мусолиҳаи сиёсӣ хуб аст».       Бо вуҷуди ин, Беназир Бҳутто ба мусолиҳа ва ба омадани демократия бовар надошт. Вай дар як мусоҳибаи телефонӣ бо хабаргузории «Рейтер» эҳсосоташро ин гуна бозгӯ карда буд: «Вазъ барои равандҳои демократӣ хеле осебпазир аст.  Воқеият ин аст, ки мо ба нафъи диктатура кор мекунем, вале намехоҳем чунин бошад».        Лозим ба ёдоварист, ки Беназир  Бҳутто дар паҳлӯи қабри падараш ба хок супурда шуда, ба ин хотир дар Покистон се рӯз мотам эълон шуда буд.  Дар баробари Беназир Бҳутто тақрибан 20 нафар ҷони худро аз даст додаанд.         Тибқи иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳон куштори роҳбари мухолифин  Беназир  Бҳутто эътирозу нооромиҳои мардумиро дар ин кишвар ба бор оварда, дар натиҷаи эътирозу бетартибиҳо дар манотиқи мухталифи Покистон якчанд нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҷонибдорони бахашмомадаи  Беназир  Бҳутто садҳо мошинҳо, пулисхонаҳо ва бонкҳову мағозаҳоро сӯзондаанд.        Бахусус бояд таъқид кард, ки сарварони кишварҳои ҷаҳон куштори роҳбари мухолифини Покистон Беназир Бҳутторо қотеъона маҳкум карда, онро ҳамлаи рӯирост ба демократия хонда буданд.       Аз ҷумла, Президенти ИМА Ҷорҷ Буш зимни сӯҳбати телефонӣ бо Президенти ҳамонвақтаи Покистон Парвиз Мушарраф қатли хонум Беназир Бҳутторо амали буздилона номид.        Дабири кулли СММ Бан Ги Мун ин сӯиқасдро «ҷинояти золимона» хонда, гуфта буд, ки ин «таҷовуз ба субот дар Покистон ва равандҳои демократӣ» дар пешорӯи интихоботи парлумонии 8-уми  январи соли оянда  мебошад. Шӯрои Амнияти СММ баъд аз қатли Беназир Бҳутто нишасти изтирорие баргузор карда, сӯиқасдро амали ғайриинсонии террористӣ номид.       Сарвари давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки чанд соат пеш аз қатли Бҳутто бо ӯ мулоқот карда буд, сӯиқасдро амали ваҳшатноки бесобиқа алайҳи яке аз пешқадамтарин занҳои ҷаҳонӣ Ислом номид  Беназир Бҳутто 54 сол дошта, беш аз ду даҳа дар арсаи сиёсати дохилии Покистон фаъолият карда буд. Ӯ нахустин зане буд, ки дар Покистон ба мақоми нахуствазирӣ расида буд. Б. Бҳутто бори нахуст соли 1988 ба ҳайси нахуствазири Покистон савганд ёд карда буд ва баъд аз 20 моҳ аз сари қудрат барканор шуд. Соли 1993 бори дигар дар интихобот пирӯз шуд ва то соли 1996 роҳбарии Раёсати давлати Покистонро бар ӯҳда дошт.       Беназир Бҳутто 21-уми июни соли 1953 дар хонаводаи заминдори сарватманд ба дунё омад. Падараш Зулфиқор Алӣ Бҳутто Ҳизби мардумии Покистонро таъсис дод ва солҳои 1971 — 1977 Сарвари давлат ва нахуствазири Покистон буд.         Беназир баъд аз хатми донишгоҳҳои Ҳарвард ва Оксфорд соли 1977 ба Покистон баргашт. Ҳамон сол, қабл аз бозгашти ӯ низомиён бо роҳбарии генерал Зиё-ул-Ҳақ падарашро аз мақом барканор карда, қудратро ба даст дароварда буданд. Низомиён ду соли баъд, яъне соли 1979 падарашро эъдом карданд ва роҳбарии Ҳизби мардумии Покистон аз падараш Зулфиқор Алӣ Бҳутто ба Беназир гузашт.         Соли 1988 Беназир нахуствазири Покистон интихоб шуд, вале соли 1990 ӯро аз ин мақом барканор ва барои ришвахӯрӣ муттаҳам карданд. Вай муборизаро идома дод ва соли 1993 бори дигар дар натиҷаи интихобот курсии нахуствазирии кишварашро аз Навоз Шариф ба даст овард. Баъд аз се сол, яъне соли 1996 вай бори дигар мақоми нахуствазириро аз даст дод.        Соли 1998 ӯ ба Дубай ҳиҷрат карда буд, ва 18-уми октябри соли ҷорӣ ба ватанаш баргашт. Дар рӯзи бозгашти ӯ аз Дубай ба Карочӣ, як бомбгузори фидоӣ ҳангоми ҳаракати корвони мошинҳо худро мунфаҷир сохт ва 150 нафар аз ҷонибдорони хонум Бҳутто кушта шуданд.        Ин дафъаи саввум буд, ки вай талош дошт бори дигар дар интихобот ширкат кунад, вале бо ҳукми қазову қадар ӯ ин ҷаҳони пур аз талотумро бо рӯҳияи баланди сиёсӣ хайрбод гуфт.

Декабрь 26, 2008 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид