БА КИТОБХОНАИ ДМТ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДОДА ШУД

Декабрь 17, 2008 14:33

                  Маскав, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Бунёди байналмилалии ҳамкории гуманитарии Федератсияи Русия ба муносибати анҷом ёфтани Соли адабиёт ва хониш дар ИДМ ва оғози Соли ҷавонон дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷамъомади хайрия гузаронд. Роҳбари маъмурияти Президенти Русия Сергей Наришкин зимни суханрониаш зикр кард, ки равобити инсонӣ ва эҷодии халқҳои ИДМ торафт мустаҳкамтар мегардад ва ба манфиати халқҳои Иттиҳод истифода бурда мешавад.                 Хабар дода мешавад, ки ба иштирокчиёни ҷамъомад дар бораи тадбирҳои амалисохтаи бунёди мазкур 12 филм намоиш дода шуд.                  Раиси Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва ёвари президенти Русия Ҷаҳон Полиева ба баъзе китобхонаҳои мамлакатҳои ИДМ сертификат супорида, зикр намуд, ки дар доираи Соли адабиёт ва хониш, Анҷумани сеюми зиёиёни илмию эҷодкори мамлакатҳои ИДМ ва тадбирҳои дигар 70 барномаи адабию фарҳангӣ амалӣ гардонда шуд.  Қайд карда шуд, ки дар доираи Соли ҷавонон ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарии ҷумҳуриҳои Иттиҳод боз ҳам бештар густариш хоҳад ёфт. Дар фарҷоми ҷамъомад ба китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сертификат дода шуд. Онро сафири кабири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев қабул кард.                                                                                                                                                              Тарҷумон — Қудратов А.

Декабрь 17, 2008 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад