БАЛАНД ШУДАНИ ҚИММАТИ СӮЗИШВОРӢ НАРХИ МАҲСУЛОТРО ЗИЁД КАРДАНД
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, то 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 3584 га кишти барвақтии зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст. Дар ин муддат дар майдони 30 га картошка, 31 га — карам, 227 га — сабзӣ, 1886 га — пиёз, 10 га — сирпиёз, 17 га — турбу шалғам кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли 2007 ба миқдори 125 га зиёд мебошад. Аммо чунон ки ба ҳамагон маълум аст, баҳори соли 2008 мардум камчинии сабзавотро эҳсос кард. Хоҷагиҳо бошанд, бо баҳонаи баланд шудани қиммати сӯзишворӣ, нархи маҳсулотро 1,5-2 баробар зиёд намуданд ва то имрӯз дар ҳамон ҳолат нигоҳ медоранд. Эҳтимол дорад ин амал бо сабаби ҳоло ҳам кам будани майдони кишт дар баҳори соли 2009 низ такрор ёбад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






