БАРҚИЯИ ШОДБОШ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбош фиристод. Дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Нурсултон Абишевичи мӯҳтарам, Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми қазоқро ба муносибати солгарди навбатии таҷлили Иди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон самимона муборакбод менамоям. Бо камоли қаноатмандӣ зикр мекунам, ки ҳамкории мамлакатҳоямон дар заминаи принсипҳои боварии мутақобала ва анъанаҳои дӯстӣ, ҳуқуқи баробар ва эҳтироми ҳамдигар ба роҳ андохта шуда, муттасил густариш меёбад. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, ба Шумо, Нурсултон Абишевичи мӯҳтарам, саломатии комил, барори кор ва ба халқи бародари Қазоқистон сулҳу осоиш ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям». Дар ин бора аз дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






