БАРОДАР ИМЗОИ ХОҲАРАШРО СОХТАКОРӢ КАРДА, ХОНАРО ФУРӮХТ
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сокини кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Гулнисо Розиқоваи 38-сола бо ариза ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуд, ки моҳи январи соли 2008 бародараш Абдулвосит Розиқови 44-сола дар Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатнома тартиб дода, имзои ӯро сохтакорӣ намуда, хонаашро ба маблағи 55 ҳазор доллари ИМА фурӯхтааст. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






