БАРОИ БОЗПАС ДОДАНИ МАҲБУСОН ПРОТОКОЛ БА ИМЗО РАСИД

Декабрь 24, 2008 17:09

Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр).- 24-уми декабр маросими ба имзо расидани Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, баргузор гардид. Протоколро вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири ҶИА дар Тоҷикистон Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ имзо карданд. Ёдовар мешавем, ки Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо 27-уми июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Созишномаи мазкур аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июни соли 2008 ва аз ҷониби Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 24-уми сентябри соли 2008 тасдиқ шудааст.             Пас аз анҷоми маросими имзои Созишнома Ҳамрохон Зарифӣ зикр кард, ки Афғонистон барои мо кишвари дӯсту наздик аст ва ҳамаи иқдомҳо ҷиҳати рушди ин кишвар равона шудаанд. Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ гуфт, ки Афғонистон бо Тоҷикистон на танҳо дар ин самт, ҳамзамон дар бахшҳои иқтисод, коммуникатсия ва илму маориф низ ҳамкории зич дорад. Ӯ тазаккур дод, ки имрӯз дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон қариб 228 нафар шаҳрвандони Афғонистон маҳбусанд.

Декабрь 24, 2008 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад