БАРОИ ТАРБИЯИ ЧОРВОДОРОНИ ОЯНДА МАБЛАҒ ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

Декабрь 25, 2008 17:15

            Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Тибқи лоиҳаи «Беҳдошти амнияти озуқаворӣ»-и Созмони озуқаи ФАО-и СММ, дар вилояти Хатлон барои таъмини 700 оила бо тухмии юнучқаю эспарсет, инчунин беҳсозии чарогоҳҳо ва таълиму тарбияи чорводорони оянда 38 ҳазор доллар пешбинӣ шудааст. Бо амалӣ шудани ин лоиҳа дар Балҷувон камбизоатӣ пурра аз байн меравад. Сокинони деҳаи Дегтури ноҳияи мазкур аллакай кишти тирамоҳии гандум, юнучқаю эспарсетро дар заминҳои лалмӣ анҷом додаанд. Ба ақидаи мушовири миллии Лоиҳа оид ба трениниг ва гендер Сафаралӣ Наимов, дар шароити кӯҳистони Тоҷикистон бештар аз 20 намуди ғалладона ҳосили хуб дода метавонад. Барои ин танҳо истфодаи саривақтии тухмӣ ва риояи агротехникии кишт зарур аст.  

Декабрь 25, 2008 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид