БАРОИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ 30000 ДОНА ТАПАК ЗАХИРА КАРДА ШУД

Декабрь 16, 2008 11:46

        Ҷалолиддини Румӣ, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Имрӯзҳо дар мактабу кӯдакистонҳои ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ тайёрӣ барои зимистонгузаронӣ идома дорад. Тибқи иттилои мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Маҳмадзиё Сайфиддинов, то имрӯз 200 тонна ангишт, ҳазор кубометр ҳезум ва зиёда аз 30000 дона тапак захира карда шуда, таъмини манбаъҳои гармидиҳӣ нисбат ба солҳои гузашта даҳчанд афзун аст. Аммо коршинос Тоҷиддин Мирзоев сабаби баланд будани сатҳи тайёрӣ ба зимистонгузаронии имсоларо дар гарм омадани фасли зимистон медонад. Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзҳои гарми моҳҳои ноябр ва декабр, ки солҳои қаблӣ чанд маротиба барф меборид, захира намудани маводи сӯхт даҳҳо маротиб осонтар шудааст.  

Декабрь 16, 2008 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд