БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ПЕШГИРИИ ТАКРОРШАВИИ БЕМОРИҲО
Душанбе, 5 декабр (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Бо кӯмаки барномаи «Саломатии ҷомеа» — и намояндагии Пажӯҳишгоҳи ҷомеаи кушод — бунёди мадад» дар Тоҷикистон ва ташаббуси маркази табобати бемориҳои ВИЧ ва СПИД 6 декабр дар пойтахти ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Роҳу усулҳои пешгирии такроршавии бемориҳо» машварати духтурон баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки машварати мазкур мувофиқи Меморандуми ҳусни тафоҳуми имзонамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи созмони байналмилалии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод — Бунёди мадад» дар Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ҳадафи машварат ҷамъбасти натиҷаҳои дастовардҳои соҳа ва муайян намудани нақшаҳои оянда мебошад. Дар машварат намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва адлия, шӯъбаҳои минтақавии мубориза ба муқобили СПИД, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ ширкат меварзанд. Барномаи пешгирии такроршавии бемориҳо барои одамоне, ки ҳамроҳи беморони гирифтори ВИЧ ва СПИД зиндагӣ мекунанд, дар ҷумҳурӣ соли 2006 шурӯъ шуда буд ва имрӯз нисбати 205 нафар татбиқ карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






