«БАЁЗИ ШАШМАҚОМ» ДАР ДУШАНБЕ НАШР ГАРДИД

Декабрь 15, 2008 14:31

Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бори аввал дар заминаи нусхаҳои хаттии Тоҷикистон, Эрон, Россия ва Ӯзбекистон матни (назми) баргузидаи шоҳкории  шеърию мусиқии  устодонаи тоҷикон — «Шашмақом» таҳия гардида, таҳти унвони «Баёзи Шашмақом» пешкаши  дӯстдорони ҳунарҳои зебо гардид. Китоби «Баёзи Шашмақом» зери назари профессор Аскаралӣ Раҷабов ва доктор Абдувалӣ Абдурашидов дар нашриёти «Контраст» бо забони тоҷикӣ бо теъдоди 150 нусха  чоп шудааст.  Назми ин шоҳкории бадеӣ  дар асоси нусхаҳои  мӯътамади хаттӣ, ки дар оғози саддаи  18 ва ибтидои асри 20 дар ҳавзаҳои ҳунарии тамаддуни тоҷикон — Самарқанду  Бухоро,  инчунин Марву Миёнколот  тавассути донандагони  назму наво, хаттотони чирадаст тадвин гардидаанд, мураттаб  шудааст. Таърихи таҳаввули баёз ва  баёзнигории мусиқӣ, хусусан мақом ва мақомхонӣ  то кунун дар иртибот  бо нусхаҳои хаттии бозмонда пажӯҳиши фаннӣ нашуда буданд. Дар рисола намунаҳо аз суратнусхаи баёзҳо бо ҳуруфоти форсӣ гирд оварда шудаанд. Инчунин,  муҳимтарин манбаҳои хаттии «Шашмақом» аз ҷониби профессор Аскаралӣ Раҷабов тавзеҳ гардидаанд. «Баёзи Шашмақом» бо ибтикори институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Академияи мақом ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардумони шарқ -«Борбад» чоп шудааст. «Баёзи Шашмақом» дастагулест аз гулзори мусиқии  устодона, ки ба дӯстдорони созу овоз пешкаш карда мешавад.

Декабрь 15, 2008 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад