БИГЗОР ТАМОШОБИН АЗ КАНОР ИСТОДА, БА ХУД НИГАРАД!
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз дар тамоми театрҳои ҷумҳурӣ барои пешвоз гирифтани Соли нав омодагӣ мебинанд. Аз рӯи анъана, аз 20-уми декабр ҳунармандони театрҳои ҷумҳурӣ барои кӯдакон барномаи «Арчаи солинавӣ» таҳия мекунанд. Аммо Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои калонсолон бо номи «Шаби ханда» шоу-барнома тайёр намудааст. Барномаи мазкур аз 8 саҳнаи миниатюрӣ иборат буда, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, муносибати душвори байни келину хушдоман ва муноқишаҳои миёни ҳамкоронро фаро мегирад. Тавре ба АМИТ «Ховар» режиссёр ва коргардони барнома Шодӣ Солиев иброз дошт, «мақсади мо хандахариш кардани муносибати одамон нест. Танҳо мехоҳем он чизеро нишон диҳем, ки дар ҳақиқат ҳаст. Бигзор тамошобин аз канор истода, ба худ нигарад!». Театр намоиши барномаҳои кӯдаконаро низ рад накардааст. Айни замон ҳунармандони он ба тайёр кардани афсонаи «Заргӯшаки доно» машғуланд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






