БМИМТ САТҲИ КАМБИЗОАТИРО ПАСТ МЕКУНАД
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ба амалӣ сохтани барномаи сеюми коҳиши сатҳи камбизоатӣ шурӯъ менамояд. Барномаи мазкур ба силсилаи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2008-2010 ворид карда шудааст. Барномаи мазкурро БМИМТ бо кӯмаки молиявии Бонки рушди Олмон амалӣ месозад. Бояд тазаккур дод, ки дар давраи солҳои 2008-2009 дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон ва мутобиқи шартномаи ба имзорасида байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Бонки рушди Олмон барномаи «Фондҳо барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфраструктураи ҷамоавӣ» амалӣ мешавад. Ин барнома 14 ноҳияи қисмати ғарбии вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Ҷиликӯл, Қубодиён, Хуросон, Ҷалолуддини Румӣ, Қумсангир, Носири Хусрав, Панҷ, Шаҳритус, Вахш, Ёвон ва шаҳрҳои Нораку Сарбандро фаро. Арзиши умумии барномаи «Фондҳо барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфраструктураи ҷамоавӣ» ба 6,72 миллион евро баробар аст, ки аз ин 5,4 миллион евро саҳми ҷониби Олмон, 1,02 миллион евро саҳми Ҳукумати Тоҷикистон ва 0,3 миллион евро саҳми ҷамоат мебошад. Мӯҳлати татбиқи барнома 36 моҳ муқаррар шудааст.Дар давраи татбиқи ин барнома БМИМТ дар 50 деҳаи 14 ноҳия тадқиқоти ҷамоавӣ гузаронд, ки айни ҳол дар ҳамаи ин ноҳияҳо лоиҳаҳо иҷро шудаанд. Аз 30 лоиҳа 24-тои он ба соҳаи маориф, 4-тояш ба соҳаи тандурустӣ ва яктогӣ ба соҳаи барқтаъминкунию газтаъминкунӣ тааллуқ дорад. Аз ин миқдор 26 лоиҳа сохтмони нав буда, 4-тои боқимонда барқарор карда шудаанд. Дар доираи тадбиқи барномаи «Фондҳо барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфраструктураи ҷамоавӣ», дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ду лоиҳа тадбиқ шуд, ки он сохтмони ду бинои таълимиро бо масоҳати умумии 858 м2 ва 350 ҷои нишаст дар бар мегирад. Дар ноҳияи Ёвон 4 лоиҳаи хурд ба нақша гирифта шудааст, ки дутои он низ сохтмони бинои таълимӣ мебошад. Масоҳати умумии ин биноҳо 858 м2 буда, 350 ҷои нишаст доранд. Дар ҳудуди шаҳри Норак 2 лоиҳаи хурд тадбиқ мегардад, ки яке аз онҳо сохтмони бинои таълимӣ ва дигараш барқарорсозии шӯъбаи терапевтии беморхонаи марказии шаҳр аст. Ҳамин гуна барномаҳои зиёди БМИМТ дар 14 шаҳру ноҳияҳои зикршудаи вилояти Хатлон амалӣ гардид, ки бештари онҳо сохтмон ва азнавсозии биноҳои соҳаҳои маориф аст. Бояд зикр кард, ки имрӯз таваҷҷӯҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарвари давлат низ дар рушди соҳаи маориф ва тақвият бахшидани муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи дуру наздик дар самти омода намудани мутахассисони донандаи илмҳои замон хеле назаррас аст. БМИМТ чӣ гуна ташкилот аст?Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ташкилоти мухтори кушода буда, лоиҳаҳоеро татбиқ менамояд, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона шудаанд. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои тадбиқи лоиҳаҳо ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳое мебошанд, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ ва созмонҳои молиявӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд. БМИМТ на ташкилоти сохтмонист ва на пудратӣ. Он фондест, ки бо ҳиссаи молиявии худ метавонад дар ҳалли проблемаҳои ҷамоат кӯмак расонад. Ин ташкилот барномаро на танҳо бо роҳи кор карда баромадани лоиҳаҳои ҷамоавӣ ва барқарорсозии иншооти инфраструктураҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ иҷро мекунад, балки, ҳамзамон ба коромӯзии ҷамоат ва рушди он машғул аст. Бояд зикр намуд, ки барои муайян кардани ҷамоати ниёзманд ва кӯмак расондан ба он БМИМТ дар ду давра тадқиқот мегузаронад: давраи аввал муайян намудани ҷамоати камбизоаттарин бо роҳи гузаронидани тадқиқотҳои минтақавӣ ва роҳи дуюм муайян кардани ҷамоат, деҳаҳои камбизоат бо роҳи гузаронидани тадқиқотҳои ҷамоавӣ.