БОБОИ САЛМОН: «ОБОД КАРДАНИ ДАШТИ ТЕРАЙ БА ХОТИРИ КАСЕ НАМЕРАСАД!»
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дашти Терай метавонад ноҳияи Шӯроободро машҳури олам гардонад, аммо обод кардани ин дашти даҳҳо ҳазоргектараи беоб ба хотири касе намерасад,- мегӯяд бобои Салмон, ки умри беш аз 80-сола дорад. Дашти Терай дар ҷойи офтобрас аст. Дар фасли тобистон гармӣ дар ин дашт ба 45-47 дараҷа мерасад, ки барои пахтакорӣ, боғу токдорӣ бисёр мувофиқ аст. Агар як қисмати дарёи Панҷ тавассути насосҳои обкаш ба Дашти Терай бароварда мешуд, ҳам ноҳияи Шӯрообод ва ҳам шаҳри Кӯлоб даҳҳо ҳазор гектар заминро шодоб карда, сокинонро бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамуданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






