БОЛТАБОЙ — КОМАНДИР
Ман бо Болтабой — командир тобистони соли 1957 тасодуфан зимни сафари хидматӣ ба ноҳияи Ҷиргатол шинос шудам. Ҳамон вақт дар колхозҳо ҷамъоварии ғалладона оғоз ёфта буд ва дар идораи рӯзномаи «Комосомолец Таджикистана» қарор доданд, ки дар бораи ҷараёни ҷамъоварии ғалла гузориш тайёр карда шавад. Бо ин мақсад ман ба сафари хидматии 7 рӯза ба ноҳияи Ҷиргатол рафтам. Дар Кумитаи комсомоли ноҳия баъди шиносоӣ бо котиби он ба яке аз колхозҳои наздиктарин рафтем. Дар ин ҷо духтарон ғаллаи даравидашударо банд баста, ба хирман мекашонданд. Котиби ташкилоти ҳизбии колхоз, ки ба мо ҳамроҳ шуда буд, моро ба бригадаи комсомолону ҷавонон бурд. Аъзои бригада асосан духтарон буданд. Котиби ташкилоти ҳизбӣ ба онҳо хабар дод, ки соати 5 – и бегоҳ маҷлиси умумии комсомолон гузаронида мешавад. Вай маро ҳам ба ин маҷлис даъват кард. Маҷлис дар ҳуҷраи деворҳояш гилие мегузашт, ки боми он бо қамиш пӯшонда шуда буд ва дари даромад надошт. Дар дохили он як мизи кӯҳна ва ба ҷои курсӣ чӯбҳои дароз гузошта шуда буданд. Котиби ташкилоти ҳизбӣ ба ман гуфт, ки сохтмони клуб нав оғоз ёфтааст ва алҳол маҷлисҳо дар ҳамин ҷо гузаронида мешаванд. Маҷлис соати 5 шурӯъ шуд. Диққати маро тарзи нишасти писарон ва духтарон ба худ ҷалб намуд. Духтарон дар се чӯби охирин пушти худро ба сӯи мизи раёсат гардонда менишастанд. Ман сабаби инро аз котиби ташкилоти ҳизбӣ пурсон шудам. Вай зикр кард, ки ин духтарон аъзои фаъоли ташкилоти комсомолӣ мебошанд. Онҳо барои он пушташонро ба сӯи мизи раёсат гардонда нишастаанд, ки таомули мо ҳамин аст. Мувофиқи он ягон марди бегона набояд рӯи духтаронро бинад. Дар акси ҳол дар бораи ӯ ҳар гуна овозаҳо паҳн мешавад ва ин сабаби бадномии духтар мегардад. Дар натиҷа касе ӯро ба занӣ нахоҳад гирифт. Дар давоми ду рӯз дафтарчаи ман аз факту рақамҳо пур шуд. Ман баъд ба маркази ноҳия омада, шабона андеша доштам, ки пагоҳ ба кадом ташкилоти комсомолӣ равам. Мо субҳи ҳамон рӯз ҳамроҳи котиби кумитаи комсомолии ноҳия дар чойхонаи шафати меҳмонхона нишаста ҷой менӯшидем. Ҳамин вақт як марди мӯйсафеди хамидақомат ба чойхона ворид гардид, ки дар сар тоқӣ пӯшида, дар бар костюми кӯҳнаи рангаш парида ва шимми кӯтоҳ пӯшида буд. Вай калӯшҳояшро дар назди дар кашида, ба чойхона даромад. — Болтабой — командир, — хитоб кард котиби комсомол. – Биёед ҳамроҳ чой менӯшем. Ин кас мухбир, аз Душанбе омадаанд, ба мо ягон ҳикояи аҷибро нақл мекунед. Болтабой – командир шахси чақ — чақӣ будааст, вай забони русиро хеле хуб медонист. Ӯ дар бораи таърихи барпо намудани ҳокимияти шӯравӣ дар водии Қаротегин нақл кард. Ман аз ӯ фаҳмидам, ки сардори Шӯъбаи сиёсии округи Ғарм Шестопалов дар ҳамин ҷо, дар Ҷиргатол ҳалок шудааст. Медонистам, ки номи ӯ дар Душанбе ба яке аз кӯчаҳо дода шудааст. Болтабой – командир ҳикоя кард, ки баъди дар Ҷиргатол кушода шудани шӯъбаи милиса ба он ҷо ба кор даромадааст. Дар ҳамин шӯъбаи милиса Аъзам ном марде кор мекард, ки аз вазифа ба манфиати худ истифода мебурд. Вай дере нагузашта аз одамон пора мегирифтагӣ шуд ва одатан касе ҳақ бароварда мешуд, ки бештар пора диҳад. Рӯзе дар деҳа овоза шуд, ки Аъзам ба номуси духтари касе таҷовуз кардааст. Баъд Аъзамро ба суд дода ӯро аз озодӣ маҳрум кард, ба ду корманди милиса супорида, ба Душанбе фиристоданд. Дар роҳ ба Аъзам муяссар мешавад, ки ҳар ду милисаро кушта, ба кӯҳҳо фирор кунад. Дере нагузашта дар ин минтақа дастаи Аъзам қӯрбошӣ ба амалиёт сар кард. Дар гирди Аъзам одамоне, ҷамъ шуданд, ки дар колхоз кор кардан намехостанд ва ҳукумати Шӯравиро эътироф намекарданд. Дар бораи дастаи мазкур ба Ғарм хабар дода шуд. Аз он ҷо Шестопаловро ҳамроҳи гурӯҳи аскарон ба Ҷиргатол фиристоданд. Аъзам аз омадани аскарони сурх хабар ёфта, қарор дод, ки ногаҳон шабона ба деҳа ҳамла оварда, кори онҳоро тамом кунад. Вале ӯ ба мақсадаш нарасид. Як нафар ба назди мо омада, хабар дод, ки Аъзам ҳамроҳи 70 нафар силоҳбадастонаш ба деҳа наздик мешавад. Мо ҳамроҳи Шестопалов дар қалъа паноҳ бурдем. Дар ин бора қаблан ба Душанбе хабар дода шуда буд. Бинобар ин дилпур будем, ки ба зудӣ ба мо кӯмак расонда мешавад. Қалъа ҷойи эътимобахш буд, ғафсии деворҳои он ба 2 метр мерасид ва тир аз онҳо намегузашт. Босмачиён қалъаи моро муосира карданд. Озуқавории мо баъди чанд рӯз тамом шуд. Босмачиён ба ягона сарчашмаи об, ки аз зери девори қалъа ҷорӣ мешуд, як халта нос андохтанд ва мо аз оби нӯшоки низ маҳрум шудем. Шестопалов моро бо ҳар роҳу восита рӯҳбаланд мекард. Вале одамон гурусна буданд. Дуртар аз қалъа нонвойхонае воқеъ буд. Мо тахмин кардем, ки дар он ҷо шояд орд бошад. Дарвозаи қалъа рӯ ба рӯи дари нонвойхона кушода мешуд. Шестопалов изҳор намуд, ки худаш рафта нонвойхонаро аз назар мегузаронад. Вай бемалол аз дарвозаи қалъа баромада ба нонвойхона даромад. Мо рафтори ӯро бо ташвишу изтироб наззора мекардем. Ӯ ба зудӣ аз нонвойхона як халта ордро бардошта ва ба сӯи қалъа равон шуд. Вале ба дарвозаи қалъа расида натавонист. Ҳамин лаҳза аз куҷое садои тир баромад. Шестопалов як қад парида, ларзид ва оҳиста оҳиста ба замин афтод. Баъдан маълум шуд, ки ӯро яке аз силоҳбадастони Аъзам қӯрбошӣ Мерганбойи қирғиз паррондааст. Мо зуд баромада, Шестопаловро ба қалъа даровардем ва дарвозаи онро маҳкам кардем. Дар қалъа ягон дору набуд ва Шестопалов рӯзи сеюм вафот кард. Баъди як шабонарӯз дар байни босмачиён шӯру мағал бархост ва онҳо пиёдаю савора ба чор тараф гурехтан гирифтанд. Маълум шуд, ки аз Ғарм ба Ҷиргатол дастаи калони аскарони сурхи савора фиристода шудаанд. Ҳамон рӯз аз Душанбе ба назди мо як ҳавопаймои хурд парида омад. Ҳавопаймо як пулемёт дошт ва бо он босмачиёни гурехтаистодаро қир карданд. Худи Аъзам гурехта дар маҳалҳои кӯҳистон пиҳон шуда мегашт. Ӯ бисёр вақти худро дар Қирғизистон мегузаронд. Аъзам соли 1931 дар минтақаи Қаротегин ба дасти аскарони сурх афтод ва дар ҳамин ҷо ба қатл расид. Аскарон сари ӯро ба чӯби дароз баста, савори асп деҳа ба деҳа гардонда ба мардум нишон доданд, ки ҷинояткор оқибат ба сазои худ расид. Болтабой – командир нақл кард, ки вайронаҳои ҳамон қалъа имрӯз ҳам дар наздикии маркази ноҳияи Ҷиргатол вуҷуд дорад. Мо ба маҳалли нишондодаи ӯ рафта, вайронаҳои қалъаро аз назар гузарондем. Нақли мӯйсафед ба ман таассуроти калон бахшид ва намехостам, ки аз ӯ ҷудо шавам. Вале ба ман лозим буд, ки ба ҷойи кор баргашта, дар бораи ҷамъоварии ғалла дар ин минтақа гузориш тайёр кунам. Таассуроти ин сафар ҳанӯз аз хотири ман зудуда нашудааст.