БРИТАНИЯИ КАБИР ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ ХУДРО АЗ ИРОҚ МЕБАРОРАД

Декабрь 16, 2008 15:34

          Лондон, 16  декабр.(АМИТ «Ховар» — Би – Би — Си). –  Намояндаи   баландпояи  вазорати  мудофиаи   Британияи  Кабир   хабар  дод, ки баровардани  қисмҳои  ҳарбии  мамлакат  аз  Ироқ  аз  моҳи  марти соли  оянда шурӯъ мешавад. Вале  мӯҳлати  ваколати  ба қисмҳои  ҳарбии   дар  Ироқ будаи  Британияи  Кабир  додаи  СММ  охири ҳамин сол  анҷом  меёбад. Тибқи   хабарҳои  расида,  Лондон  ва  Бағдод  бо  мақсади  имзои  созишномаи  нав   дар  бораи  боқӣ  мондани  қисмҳои  ҳарбӣ  гуфтушунид  мекунанд. Айни  ҳол  дар   пойгоҳи  низомии  шаҳри  Басра 4100 хизматчии  ҳарбии британӣ  ҷой   дода шудааст. Зикр  карда  мешавад, ки  агар   интихоботи   Ироқ дар  моҳи  январ орому  осуда  гузаронида шавад,   хизматчиёни  ҳарбии  Британия  бояд  қаламрави  ин  мамлакатро  тарк  намоянд. Сарвазири  Британия  Гордон Браун  изҳор  карда  буд,  қи  қисмҳои  харбии  мамлакат  то  миёнаҳои  соли  2009  аз  Ироқ  пурра  бароварда  мешаванд. Вале  парлумони  мамлакат  мӯҳлати  хизмати  низомиёнро  дар  Ироқ   барои  солҳои оянда низ  дароз  карда  метавонад. Аз  Ироқ  баровардани  қисмҳои  ҳарбии  хориҷӣ  ба  НАТО  имкон  медиҳанд, ки  ба  Афғонистон қисмҳои  ҳарбии  иловагӣ  фиристад. Аз  рӯи  хабарҳои  расида,  қисмҳои  ҳарбии  муттаҳидаи  НАТО  айни  ҳол  дар  Афғонистон  вазифаҳои  худро  иҷро  карда  наметавонанд. Бинобар ин  аз  ҳисоби   баровардани  қисмҳои  ҳарбӣ  аз  Ироқ  ба  Афғонистон  миқдори  зиёди  чархболҳои  ҳарбӣ,  воситаҳои  разведкавӣ ва  аскару  афсарони пуртаҷриба  фиристода  мешаванд.

Декабрь 16, 2008 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд