ЧАРО ТЕАТРИ ЛӮХТАК БА ЭРОН НАРАФТ ?
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Ҳунарпешагони театри лӯхтаки Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналхалқии афсонаҳо барои бачагон ва наврасон, ки аз 24 то 29 декабр дар шаҳри Исфаҳон баргузор мегардад, иштирок нахоҳанд кард. Ба қавли директори театр Кенҷа Иброҳимов, ҳунарпешагони он мебоист дар ин ҷашнвора, ширкат варзида, асари саҳнавии «Саргузашти Юсуф» — ро пешкаши тамошобинон мегардонданд. Сабаби ба Эрон нарафтани ҳунарпешагони театр набудани маблағ мебошад. Кенҷа Иброҳимов зикр намуд, ки ҳунарпешагони театр Соли равон дар силсилаи озмунҳо ва ҷашнвораҳои байналхалқӣ ширкат варзиданд. Онҳо, аз ҷумла, моҳҳои август ва ноябр ба Эрон, моҳи октябр ба Русия ва ҳамон моҳ ба Белорус сафари эҷодӣ анҷом доданд. Худи директори театр ҳамин сол бори аввал дар конфронси байналхалқии роҳбарони театрҳои лӯхтаки мамлакатҳои ҷаҳон ширкат варзид. Қайд карда шуд, ки ҳунарпешгони театр айни ҳол ба иди Соли нав тайёрӣ мебинанд. Онҳо дар арафаи ид асари саҳнавии драмнавис Маҳинбону Ҳасанова «Афсонаи кӯҳсор» — ро пешкаши тамошобинон хоҳанд гардонд.Тарҷумон — Қудратов А.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






