«ЧИГИЛАК» БО ГӮШ МЕБИНАД, БО ЧАШМ МЕШУНАВАДУ БО ПОЙ МЕНАВИСАД

Декабрь 5, 2008 09:47

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 5- уми декабр дар Иттифоқи нависандагон китоби нави Ҷӯра Ҳошимӣ бо номи «Чаро шамолак вазид?» муаррифӣ мегардад. Китоб дар нашриёти «Муассис ва фарҳанг» ба табь расида, аз шеърҳои кӯдакона иборат аст, ки  дар жанри «чигилак» навишта шудаанд. «Чигилак» як гунаи шеър аст, ки адибони бисёр халқҳои олам онро эҷод мекунанд, аммо дар адабиёти тоҷик жанри нав аст. Хонандагони хурдсол «чигилак» -ро бо шавқу ҳавас мехонанд. Дар ин гуна шеърҳо воқеа ғайритабиӣ, пасупеш, чаппаву роста, баръакс ва дарҳамбарҳам тасвир мешаванд. Ин хусусияти «чигилак» хонандаро водор мекунад, ки онро бодиққат хонад, зирактару ҳушёртар бошад, хондаашро мулоҳиза кунад ва ҳақиқатро аниқу дақиқ донад.  Масалан, бо чашм шунидан, бо гӯш дидан, бо даст роҳ гаштану бо пой хат навиштан. Ҷӯра Ҳошимӣ дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт: ки «ман шеърҳоямро бо оҳанги сабук ва шӯху шавқовар  иншо мекунам, ки онҳо дар сиришти хонанда хислатҳои ҳақиқати ҳолро дидан, асли воқеаро фаҳмидан ва ба бемаънигиву бемантиқӣ хандиданро тарбия мекунанд».  Бояд зикр намуд, ки Ҷӯра Ҳошимӣ аз шоирони сарафрохтаи адабиёти кӯдаконаи тоҷик мебошад. Китобҳои ашъори ӯ — «Офтобак», «Парасту», «Ман алифбо мехонам», «Аз як-як то лак-лак», «Ман ба куҷо медавам?» ва дигар асарҳояш дар  пешрафти адабиёт ва тарбияи насли наврас мақоми  намоён доранд. Муаллиф умед дорад, ки «чигилак» ҳам монанди чистон, шумурак, тезгӯяк ва дигар намудҳои машҳури шеър ҳаводорони худро пайдо мекунад ва дар қатори  жанрҳои писандидаи хонандагон қарор мегирад.

Декабрь 5, 2008 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад