ДАР АФҒОНИСТОН САРДОРОНИ ДУ ҚАБИЛАИ МАҲАЛЛӢ КУШТА ШУДАНД
Кобул, 4 декабр. (АМИТ «Ховар» — Радиои «Озодӣ»). — Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Ҳироти Афғонистон сардорони ду қабилаи маҳаллӣ кушта шуданд. Аз рӯи маълумоти политсия, шахсони номаълум сардорони қабилаҳоро дастгир намуда, онҳоро баъди азобу шиканҷаи зиёд паррондаанд. Хабар дода мешавад, ки сардорони кабилаҳои мазкур ба ҳайати намояндагони вилояти Ҳирот дохил буданд ва мебоист дар Кобул бо Президенти мамлакат Ҳамид Карзай мулоқот кунанд. Ҳамид Карзай ин амалиёти ҷинояткоронаро маҳдуд карда, мақомоти маҳаллиро даъват намуд, ки гунаҳкоронро дастгир намуда, ҷазо диҳанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






