ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ БА 550 НАФАР КӮМАКПУЛӢ РАСОНИДА ШУД
Душанбе, 31 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар арафаи Соли нави мелодии 2009 аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба 550 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, кӯҳансолони хонаи пиронсолон, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон, муассисаҳои иҷтимоии шаҳр, оилаҳои камбизоат ва оилаҳое, ки фарзандони маъюб доранд, ба ҳар кадоми ба маблағи 160 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина расонида шуд. Тибқи иттилои котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов, — ин иқдом дар арафаи Соли нав бо мақсади дастгирии моддии табақаҳои гуногуни аҳолӣ аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев андешида шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






