ДАР БОРАИ ДАСТОВАРДҲОИ МАХФИИ СОЛҲОИ ГУЗАШТА ИМРӮЗ ОШКОРО СУХАН ГУФТАН МУМКИН АС
Дар Тоҷикистон оилаҳое кам нестанд, ки дар онҳо олимони машҳури соҳаҳои гуногун тарбия ёфтаанд. Инчунин оилаҳое бисёранд, ки аз онҳо аъзои ҳақиқӣ ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо баромадаанд. Дар мамлакатамон аввалин шуда, бародарон Зафар ва Пӯлод Усмоновҳо дар риштаи илм шӯҳрати калон пайдо намуданд. Пӯлод соли 1985 аз рӯи ихтисоси генетика узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд. Бародари ӯ Зафар дар он вақт чандин сол боз дар соҳаи математика унвони академикӣ дошт. Баъди ин бародарон Акбар ва Музаффар Махсумовҳо, инчунин Хуршед ва Ҷамшед Каримовҳо ба унвонҳои баланди илмӣ соҳиб гардиданд. Ҳамон солҳо роҳбарияти академия чунин ақида дошт, ки аз як оила баромадани ду ва зиёда академик ё аъзои вобастаи академия ғайриимкон шуморида мешуд. Аҳамияти тадқиқоти илмии Пӯлод Усмонов тақозо мекард, ки ба ӯ унвони академик дода шавад. Ҳамон вақт бо амри тасодуф буд ё аз рӯи зарурат дар академия аз рӯи ихтисоси генетика ҷойи холӣ пайдо шуд ва дар маҷлисҳои умумии Шӯъбаи илмҳои биологияю тиб ва Академияи илмҳо номзадии Пӯлод Усмонов якдилона дастгирӣ карда шуд. Ман бо Пӯлод Усмонов вақте шинос шудам, ки дар наздикии кинотеатри «8 март» озмоишгоҳи нави Пажӯҳишгоҳи физиология ва биофизикаи набототи Академияи илмҳо кушода шуд. Ман дар ин бора ба воситаи ТоҷикТа хабар додам, вале аз хабари интишорнамудаи худ қаноатманд нагардидам. Ба озмоишгоҳи мазкур Пӯлод Усмонов роҳбарӣ мекард. Ӯ ҷавони қоматбаланду зебо ва зиёминамо бошад ҳам, хеле камгап буд. Ба саволҳои ман хеле кӯтоҳу мухтасар ҷавоб медод. Бинобар ин ман дар бораи зарурати ташкили озмоишгоҳ маълумоти кофӣ ба даст оварда натавонистам. Бори дигар бо П.Усмонов баъди чанд сол ҳамсӯҳбат гардидам. Ҳанӯз фаромӯш накардаам, ки боре аз назди бинои вазорати кишоварзӣ гузашта, бо академик Бобо Сангинов рӯ ба рӯ гардидам. Вай ба ман гуфт, ки дар вазорати кишоварзӣ ҷашни олими селексионер Бурнашев баргузор мегардад ва маро ба он даъват кард. Мо ҳамроҳ ба бинои вазорат дохил шудем. Дар он ҷо аллакай зиёфат шурӯъ шуда буд. Раиси маҷлис овози хушу форам ва дилнишин дошт, вай калимаҳоро интихоб карда, бо забони фасеҳ сухан мекард. Зимни суханронӣ аз ҳаҷву мутоиба бисёр истифода мебурд. Ман дар симои ӯ, шиноси деринаи худ Пӯлод Усмоновро шинохта, ба ҳайрат афтодам. Зеро вай зимни сӯҳбат бо ман сухани казоӣ намегуфт ва дар ин ҷо булбул барин чаҳ – чаҳ мезад. Ман дар ҳамин ҷо карор додам, ки бори дигар бо П.Усмонов мулоқот кунам. Бо ин мақсад бисёр китобҳои илмии ӯро мутолиа кардам, бо маърӯзаҳояш дар ҷамъомадҳои умумиитифоқию байналхалқӣ шинос шудам. Ӯ тӯли ин солҳо аллакай номзади илм ва доктори илм гардида буд. Соли 1990 ба ӯ унвони профессори генетика ва селексия дода шуд. Доираи манфиатҳои илмии Пӯлод Ҷӯраевич то ҳадде васеъ гардид, ки зарурати тағйир додани номи пажӯҳишгоҳро ба миён овард. Акнун пажӯҳишгоҳ номи Пажӯҳишгоҳи физиологияи наботот ва генетикаро гирифт. П.Усмонов дар натиҷаи фаъолияти самарабахши илмӣ мактаби генетикҳои тоҷикро бунёд намуд. Вай дар силсилаи тадқиқоти илмӣ бахшида ба проблемаҳои радиобиология, генетика ва ҳалли проблемаҳои дигари илмӣ ширкат варзидааст. Олимони бисёр мамлакатҳо, аз чумла, олимони Олмон, Австрия, Норвегия ва ғайра дар ин бобат бо ӯ ҳамкорӣ кардаанд. Олимони мамлакатҳои гуногун асарҳои ӯро меомӯхтанд. П.Усмонов соли 1975 узви гурӯҳи кории таҳияи нақшаи умумии тадқиқоти илмии муштараки пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои ИҶШС ва Академияи умумииттифоқии Ордени Лениндори илмҳои хоҷагии қишлоқ дар соҳаи истифодаи усулҳои навтарини физикию техникӣ ва воситаҳои илмӣ барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ гардид. Ӯ аз соли 1975 то соли 1983 узви сексияи генетикаи радиатсионии Шӯрои илмии Академияи илмҳои ИҶШС дар соҳаи радиобиология буд. Олим инчунин дар давоми шаш сол узви Шӯрои илмии Академияи илмҳои ИҶШС дар мавзӯи «Биология ва физиологияи кайҳонӣ» буд. Ман ин ҷо воқеаеро ёдовар мешавам, ки дар ӯтоқи кории муовини раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон П.Соложенкин рух дода буд. Вай аз мароқи ман ба дастовардҳои муҳимтарини илмӣ хабар дошт ва якчанд китоби калонҳаҷмро дода, гуфт, ки «ҳамаи ин тӯли солҳои гузашта махфӣ нигоҳ дошта мешуд, акнун дар матбуот дар бораи онҳо ошкоро сухан рондан мумкин аст». Дар яке аз китобҳо ҳисоботро дар бораи фаъолияти гурӯҳи олимон таҳти роҳбарии П.Усмонов дар бобати таҳқиқи хусусиятҳои баъзе навъҳои наботот мутолиа кардам, ки тағйироти муҳити зистро нишон медиҳанд. Ин растаниҳо баъдан ба кайҳон фиристода шуданд. Омӯзиши хусусиятҳои онҳо имкон дод, ки барои таъмини фаъолияти инсон дар кайҳон шароит муҳайё карда шавад. Ба туфайли ин П.Усмонов узви Шӯъбаи тадқиқоти генетикии проблемаи «Инсон ва биосфера» — и назди Кумитаи давлатии илму техникаи ИҶШС, узви Шӯрои марказии Ҷамъияти умумииттифоқии генетикҳо ва селексионерони ба номи Н.Вавилов ва ташкилоту ҷамъиятҳои дигари илмӣ гардид. Ман бори дигар зимни мулоқот бо П. Усмонов дар бораи маҳорати сухандонӣ ва маҷлисороии ӯ сухан ронда, пешниҳод кардам, ки дар бораи баъзе дастовардҳои илмии ӯ дар матбуот хабарҳо дарҷ кунем. П.Усмонов ба ин пешниҳод розӣ шуд. Вай баъди ин мунтазам ба «ТоҷикТа» ба назди ман меомад ва сӯҳбатҳои мо соатҳои тӯлонӣ давом мекард. Мо бисёр вақт дар бораи илм, олимон ва ҳаёти илмии ҷумҳурӣ сӯҳбат мекардем. Мулоқоту сӯҳбатҳои ман бо П.Усмонов аз аввали соли 2002 сар карда, қатъ гардиданд. Ман аз бародари ӯ Зафар пурсидам, ки Пӯлод дар куҷост ва бо чӣ кор машғул аст. Маълум шуд, ки Зафар моҳи июни соли 2002 ба Маскав сафари хидматӣ кардааст. Ӯ мехост, ҳар чӣ зудтар баргашта, ба модараш нигоҳубин кунад. Зафар нақд кард, ки бозгашти Пӯлодро интизор нашуда, ба Маскав рафтааст. Ҳамон вақт Пӯлод дар Маскав ба тармими хонаи писараш Рустам машғул буд. Саломатии ӯ он қадар хуб набуд. Вай ба ҳамсараш Олга Владимировна хабар додааст, ки пойҳояш варам кардаанд ва бисёр вақт пойафзолашро пӯшида наметавонад. Шояд ҳамон вақт ба ӯ маълум гардида буд, ки табобат дигар фоида надорад. Ҳамсараш аз ӯ хоҳиш кард, ки дар Маскав аз муоинаи духтурон гузарад. Ман баъди чанде ба шаҳри Волжск сафари хидматӣ рафтам ва дар ҳамон ҷо хабари вафоти Пӯлод ба ман расид. Зафар аз вафоти бародараш хеле ғамгин шуд. Зеро онҳо бародарони бо ҳам меҳрубон буданд. Онҳо аз асрори хамдигар ба хубӣ огоҳ буда, мушкилоти зиндагиро якҷоя ҳал мекарданд. Ман мехостам дар бораи дастовардҳои муҳимтарини Пӯлод ҳамчун олими соҳаи генетика ва Зафар ҳамчун олими барҷастаи соҳаи математика хабару мақолаҳо нависам. Аммо ин илмҳоро ба оммаи васеи хонандагон бо забони соддаю фаҳмо шарҳ додан душвор аст. Дар ин соҳаҳои илм истилоҳҳо ва ибораҳое ҳастанд, ки хонандаи қаторӣ ба фаҳми онҳо намеравад. Бинобар ин дар хабару мақолаҳоям дар бораи ҳаёту фаъолияти ҳар дуи ин олими машҳур танҳо маълумоти сатҳӣ дода шудаасту халос. Фаъолияти Пӯлод Усмонов тӯли солҳое давом дошт, ки илми генетика душманони зиёд пайдо карда буд. Ҳамон солҳо раиси Академияи умумиттифоқии ордени Лениндори хоҷагии қишлоқ Трофим Денисович Лисенко аз тамоми роҳу воситаҳо истифода карда, исбот карданӣ шуд, ки генетика илми бардурӯҳи буржуазӣ мебошад. Вай ин ақидаи худро ба Сталин талқин намуд. Дар натиҷа илми генетика дар Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо баъди вафоти Лисенко ва нисбат ба мамлакатҳои дигар хеле дер равнақу ривоҷ ёфт. Илми генетикаро дар ҳамон солҳо Пӯлод Усмонов барин олимон равнақу ривоҷ доданд. Ман бо Зафар Усмонов тӯли солҳое муносибати корӣ доштам, ки ӯ ба Маркази ҳисоббарории Пажӯҳишгоҳи математика роҳбарӣ мекард. Вай ба ман дар бораи имкониятҳои техникаи ҳисоббарор ва дастгоҳу мошинҳои ғайримуқаррарӣ сухан меронд. Имрӯз вақте, ки дар дастгоҳҳои компютер ва навъҳои гуногуни техникаи нусхабардору ҳисоббарор ва пахши хабарҳо дастраси ҳамагон гардидааст, бо тааҷҷуб аз ҳақиқати пешгӯиҳои З.Усмонов ёдовар мегардам.