ДАР ДУШАНБЕ ФИЛИАЛИ ШАБАКАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ҲАВОЛАИ ПУЛ КУШОДА ШУД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Шабакаи байналхалқии ҳаволаи пул — «Лидер» дар Тоҷикистон силсилаи филиалҳои худро кушод. Филиалҳои шабакаи мазкур на танҳо дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, балки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ кушода шуданд. Шабакаи «Лидер» на танҳо дар Федератсияи Русия, балки дар қаламрави ИДМ яке аз шабакаҳои калонтарини нигоҳ доштани пасандоз ва интиқоли пул ба шумор меравад. Шабакаи мазкур ҳоло дар 13 мамлакат филиалҳои худро дорад. Дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон қариб 2 ҳазор бунгоҳи қабулу ҳаволаи пули шабакаи мазкур фаъолият доранд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






