ДАР ИДИ «МЕҲРГОН» КИШОВАРЗОН СОҲИБИ ТӮҲФА ШУДАНД
Кӯлоб, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар Кӯлоб нахустин бор иди «Меҳргон» бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифта шуд. Раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев зимни муборакбодии кишоварзон гуфт, ки ҷашнгирии «Меҳргон» аз суннатҳои қадими миллати тоҷик буда, дар гузаштаи дур фасли тирамоҳ истиқбол гирифта мешуд. Шоҳони сосонӣ охири тирамоҳ фаъолияти яксолаи кишоварзонро натиҷагирӣ намуда, захираи анбори худро ҳисоб мекарданд. Раиси шаҳр афзуд: «Имсол аз ҳарсола дида ба истиқболи иди ҳосилот сазовортарем, зеро анқариб ҳамаи нақшаҳои меҳнатиро барзиёд иҷро кардем». Аз ҷониби ҳокимияти маҳаллӣ ба кишоварзон тӯҳфаҳои моливу пулӣ тақдим гардид. Онҳое, ки дар иҷрои нақшаи пахтасупорӣ саҳми босазо гузоштаанд, бо тӯҳфаҳои қиммат, аз ҷумла, телевизор ва қолин сарафроз гаштанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






