ДАР КӮЛОБ САНДУҚИ ҚАРЗӢ 3 БАРОБАР АФЗУД
Кӯлоб, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Сандуқи қарзӣ дар шӯъбаи №56-и Амонатбонки минтақаи Кўлоб 3 баробар афзуд,- гуфт сарвари шӯъба Изатулло Раҳмонов. Тибқи иттилои ӯ, қарзҳои додашуда то имрӯз 28 миллиону 944 ҳазор сомониро дар бар гирифта, 19 213 000 сомонӣ ба хоҷагии қишлоқ ва 10 650 000 сомонӣ ба соҳаи пахтакорӣ равона карда шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, қарзҳои додашуда ба соҳаи пахтакорӣ 18%-и солона ва барои хоҷагиҳои минтақаи кўҳистон 7%-и солонаро дар бар мегирад. Инчунин, аз ҷониби бонкҳои амонатгузории шаҳру ноҳияҳо ба 3 ҳазору 844 нафар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарзҳои кўтоҳмуддат дода шудааст, ки ин барои рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ мусоидат мекунад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






