ДАР НАТИҶАИ БОРИШИ БАРФИ ЗИЁД РОҲҲОИ МОШИНГАРДИ ЧИН БАСТА ШУДАНД
Пекин, 4 декабр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). – Аз рӯи хабарҳои расида, дар натиҷаи бориши барфи зиёд роҳҳои мошингарди Ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баста ва тақрибан 3,4 ҳазор мусофир дар роҳҳо банд шуданд. Инчунин ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кӯҳистон хеле душвор гардид. Рӯзи чоршанбе майдони ҳавоии байналхалқии маркази маъмурии ноҳия — шаҳри Урумчӣ низ баста шуд. Дар натиҷа садҳо нафар мусофирон сари вақт парвоз карда натавонистанд. Тӯли рӯзҳои охир қисмати зиёди вилоятҳои Муғулистони дохилӣ ва Гансуро тӯфонҳои барфӣ фаро гирифтаанд. Раёсати хавошиносии Чин мақомоти 23 вилоятро огоҳ намуд, ки ба имконияти боридани барфи зиёд ва шамоли сахту бӯрон тайёрӣ бинанд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






