ДАР ТАВИЛДАРА ҲОСИЛИ РЕКОРДӢ БА ДАСТ ОВАРДАНД
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси ноҳияи Тавилдара Ҳиматшо Ғайратов, замини ноҳия барои кишти картошка мувофиқ аст. Соли ҷорӣ аз майдони 420 гектар картошка қариб 10 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд, ки ин нисбат ба ҳосили хоҷагиҳои картошкапарвари ноҳияҳои Ҷиргатол, Рашт, Тоҷикобод ва Нуробод зиёд аст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳар гектар то 200-сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Аммо хоҷагиҳои алоҳида, ки технологияи кишти картошкаро беҳтар сохтаанд, аз ҳар гектар то 400-сентнерӣ ҳосили картошка ба даст оварданд. Дар ноҳия Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии тухмипарварӣ ташкил карда шудааст. Дар соли 2008 дар ин хоҷагиҳо ҳосили рекордӣ (700 сентнер) ба даст оварда шудааст, ки чунин ҳосилро дар дигар ноҳияҳо касе ёд надорад. Аз ин рӯ, агар ноҳия ба маркази тайёр кардани тухми табдил меёфт, ҷумҳурӣ бо картошкаи тухмӣ пурра таъмин мегардид ва воридоти он аз хориҷи кишвар қатъ мешуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






