ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАМАГӢ 10 ФОИЗИ БАЧАГОН БА БОҒЧАҲО МЕРАВАНД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Раиси Академияи илмҳои педагогии ҷумҳурӣ, ҳамоҳангсози миллии барномаи «Маълумоти ҳамагон» дар Тоҷикистон Ирина Каримова зимни мулоқот бо намояндагони барномаи мазкур аз мамлакатҳои Осиёи МАрказӣ зикр намуд, ки дар фаъолияти муассисаҳои томактабии Тоҷикистон имрӯз ҳам прблемаҳо хеле зиёданд. Айни ҳол дар саросари мамлакат ҳамагӣ 10 фоизи бачагон ба боғчаҳо мераванду халос. Вай қайд кард, ки мураббиёни боғчаҳои бачагона то имрӯз бо дастурҳои методӣ таъмин карда нашудаанд. Бачагон бояд ба синфи якуми мактабҳои миёна ҳамаҷониба тайёр карда шаванд. Ин вазифаи бевоситаи муассисаҳои томактабӣ мебошад. Тарбия дар боғчаҳои бачагона таҳкурсии ҳаёти минбаъдаи бачагонро ташкил медиҳад. Бинобар ин мо бояд барои ҳарчи бештар намудани муассисаҳои томактабии бачагона тадбирҳои самарабахш андешем, гуфт Ирина Каримова.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






