ДАР ТОҶИКИСТОН ШИРКАТИ НАВИ АЛОҚАИ КАЙҲОНӢ ТАЪСИС ЁФТ

Декабрь 11, 2008 08:22

Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ташкилоти байналхалқии алоқаи кайҳонии Интерспутник корхонаи муштараки «Исател» таъсис дода шуд. Ҳаммуассисони ҶДММ «Исател» Интерспутник Холдинг ва аз тарафи Тоҷикистон ҶСК «Телерадиоком» — оператори миллии радиотелевизионӣ мебошад, ки дар ихтиёри худ воситаҳои техникиро барои пахши барномаҳои радиотелевизионӣ, инчунин имкониятҳои пешниҳод кардани каналҳои радиорелеиро барои операторон ва истифодабарандагони ниҳоӣ дорад. ҶДММ «Исател» оператори алоқаи радифии муқарраршуда буда, самти асосии фаъолияти ин ширкат хизматрасонии алоқавӣ дар ташкили каналҳои радифии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин пешниҳоди дастрасии хизматрасонии васеъ дар Интернет аз рӯи технологияи WIMAX дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Айни замон ширкат сохтмони Телепортро дар шаҳри Душанбе, ки ба мизоҷони «Исател» базаи зарурии технологиро барои бунёди шабакаҳои радифӣ ва дар асоси онҳо хизматрасонии телекоммуникатсиониро таъмин менамояд, ба анҷом мерасонад.             Бояд қайд кард, ки Интерспутник Холдинг аллакай ду корхонаи муштараки худро дар Россия ва Қирғизистон дорад, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин мавқеи асосиро дар бозорҳои миллии алоқаи радифӣ ишғол кардаанд. Имрӯз Интерспутник Холдинг тавассути корхонаҳои муштарак ва шарикони худ хизматрасонии алоқавиро дар қаламрави мамлакатҳои Аврупо, Африқо, Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна таъмин менамояд. Fайр аз телепорти дар шаҳри Душанбе бунёдшуда, гурӯҳи Интерспутник Холдинг телепортҳои бисёрвазифавиро дар шаҳрҳои Москва ва Бишкек ба истифода додааст, ки фарогирии ҷуғрофии мамлакатҳои Шарқи Дур, Аврупо, Осиё ва Африқоро то соҳилҳои шарқии Амрикои Лотинӣ таъмин мекунанд.ҶСК «Телерадиоком» яке аз калонтарин операторони алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ягона оператори миллии радиотелевизионӣ ба шумор меравад. Ҳама вақт парки васоити радиоэлектронии худро такмил дода, ҳамчун оператори асосӣ оид ба пахши барномаҳои радиотелевизионӣ, ки дар ҷанубу шарқ ва ҷанубу ғарби минтақаи Осиё ҷойгиранд, мавқеи устувор дорад. Маҷмӯи фиристандаҳои он дар мавҷи муттавасит қудрати пахши радиобарномаҳоро ба тарафи Ҳиндустон, Индонезия, Покистон, Афғонистон, Эрон ва мамлакатҳои нимҷазираи Араб дорад. Ширкат воситаҳои рӯизаминии алоқаи радифиро барои пахш намудани барномаҳои радиотелевизионй, инчунин имкониятҳои дастрас намудани хатҳои радиорелеиро барои хизматрасонӣ ба операторони шабакаҳои мобилӣ, шабакаҳои IP ва IT дорад.  «Интерспутник Холдинг, Лтд.» — корхонаи фаръии 100 фоизаи Ташкилоти байналхалқии алоқаи кайҳонии «Интерспутник» моҳи декабри соли 2005 ташкил шуда, ширкати асосии гурӯҳҳои байналхалқии операторон мебошад, ки хизматрасонии умумии алоқаи бесимро таъмин мекунад. Интерспутник Холдинг ширкати операторони алоқаи мамлакатҳои гуногун буда, ҳамкории тамоми шарикони ҷалбкардашуда ва пудратчиёни ғайриасосиро ҳамоҳанг месозад ва дараҷаи сифатнокии хизматрасониҳоро муайян мекунад. Ба ҳайати гурӯҳ корхонаҳои муштараки минтақавии Интерспутник Холдинг, инчунин шарикони Холдинг дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон дохил мешаванд. Корхонаҳои гурӯҳ иҷозатномаҳои заруриро барои хизматрасонии алоқа дар ҳудуди фаъолияти худ доранд ва намудҳои ягонаи маҳсулотро пешниҳод мекунанд.  

Декабрь 11, 2008 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад