ДАРВОЗ БАРОИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО МАҲСУЛОТ ЧОРА МЕАНДЕШАД
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 8 хоҷагии чорводорӣ ташкил карда шудааст. Алҳол саршумори чорвои калони шохдор ба 10 ҳазору 98 сар ва моли майда ба 27 ҳазору 954 сар расонида шудааст. Баҳри амалӣ шудани «Барномаи чорводорӣ барои солҳои 2007- 2015» ва зиёд кардани чорво дар деҳаи Жаг, хоҷагии фермерии «Авғоновҳо» таъсис дода шуд, ки барои парвариши бузу гӯсфанд махсус гардонида шудааст. Ҳамзамон, дар деҳаи Умарак фермаи чорвофарбеҳкунӣ фаъолият дорад. Ноҳия барои таъмини аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти чорво чораҳои амалӣ меандешад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






