«ДАСТОНИ ЗАРРИН» 24 НАФАР СОКИНИ СУҒДРО ФИРЕБ ДОД
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов, прокуратураи ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ширкатҳои ба ин намуди фаъолият машғул дар соли 2008 як қатор қонунвайронкуниҳоро ошкор намуд. Ҳангоми санҷишҳои прокурорӣ маълум шуд, ки директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Дастони заррин»-и шаҳри Хуҷанд С.М. Боймуродов 24 нафар сокини вилояти Суғдро ба Федератсияи Россия бурда, музди меҳнаташонро ба маблағи 547 ҳазору 111 рубли русӣ азони худ намудааст. Директори ҶДММ «Рустам» Рустам Аҳмадҷонов бошад, бо роҳи фиреб гурӯҳҳои кориро ба Федератсияи Россия бурда, онҳоро ба меҳнати тоқатфарсо гирифтор намудааст. Дар Прокуратураи генералӣ нисбати С.М.Боймуродов ва Рустам Аҳмадҷонов парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






