ДАЪВАТИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ИТТИҲОДИ АВРУПО

Декабрь 16, 2008 15:57

         Душанбе,  16  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). – Вазири корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҳамрохон  Зарифӣ   дар   машварати   бахшида ба   ҳамкории  минтақавии  Афғонистон ва  мамлакатҳои  ҳамсоя  зикр  кард, ки  ҷомеаи  ҷаҳон  бояд  Афғонистонро  аз  ҷиҳати  сиёсию  ҳарбӣ  ва гуманитарӣ  дастгирӣ  намуда,  ваъдаҳои  додаашро  дар  бобати   барқарор  сохтани  ин  мамлакат  дар  давраи  баъди  ҷанг  иҷро  кунад. Машварат   дар   Фаронса  баргузор  гардид. Ҳ.Зарифӣ  зикр  кард, ки  Афғонистон  барои  Тоҷикистон  аз  ҳамсоя  ҳам  наздиктар  мебошад,  бинобар  ин  таъмини  амнияти  Тоҷикистон   ба  вазъияти  мӯътадили  ин  мамлакат  бевосита  алоқаманд  аст. Тоҷикистон,  гуфт Ҳ.Зарифӣ, — сиёсати  президенти  Афғонистон  Ҳамид  Карзай  ва  ҳукумати  ӯро  дастгирӣ  менамояд. Қайд  карда  шуд, ки Афғонистон  бояд  ба  ҷараёни  ҳамкорию ҳамгироии  мамлакатҳои  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  ҷалб  карда  шавад. Ин  ба  рушди  иқтисодиёти Афғонистон мусоидат   хоҳад  кард,  гуфт  вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон. Қайд  карда шуд, ки  Тоҷикистон  тайёр  аст,  барномаҳои  хариду  фурӯши  қувваи  барқро  дар  байни  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ,  барқарор  сохтан ва  бунёди  корхонаю  муассисаҳоро дар  Афғонистон,  пеш  аз  ҳама  нерӯгоҳҳои  барқӣ,  хатҳои  интиқоли  барқ ва   ғайраро  иҷро  кунад. Таъкид  карда  шуд, ки ҷомеаи  ҷаҳон   бояд ба  Афғонистон  дар  бобати қобили  кор  гардондани  артиши  миллӣ, политсия  ва  сохторҳои  дигари  низомию интизомии  он  кӯмак  расонад. Тоҷикистон  дар  ин  бобат  низ  ба  Афғонистон  дасти  ёрӣ  дароз  карда  метавонад. Вазири  корҳои  хориҷии  Афғонистон Додфар Спанта   изҳор  намуд, ки   сохтмони  иншоотҳои  гидроэнергетикии  Тоҷикистон  барои  пешрафти  иқтисодиёти  мамлакаташ  аҳамияти  калон  дорад. Намояндаи  Иттиҳоди  Аврупо  дар  масъалаҳои   сиёсати  берунӣ ва  амният Хавер  Солана  ва  намояндаи   Комиссияи  Аврупо  Бенита  Фереро – Валднер   зимни  мулоқот  бо Ҳ.Зарифӣ  ба  иҷрои  барномаҳои  зикршуда дар  Тоҷикистон   баҳои  баланд  доданд. Пешниҳодҳои  Ҳамрохон  Зарифиро  дар  бораи  роҳу  усулҳои  барқарор  сохтани  иқтисодиёти  Афғонистон  ҳамаи  иштирокчиёни  машварат   дастгирӣ  намуданд.

Декабрь 16, 2008 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид