«ДОМУЛЛО» ХАРГӮШПАРВАРИРО ҲИДОЯТ МЕКУНАД

Декабрь 10, 2008 14:45

            Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи харгӯшпарварӣ таваҷҷӯҳ кардааст,- иброз дошт роҳбари Маркази матбуот ва иттилооти вазорат Нарзулло Додобоев ба мухбири АМИТ «Ховар». Айни замон дар ҷумҳурӣ баҳри рушди соҳа чандон аҳамияти зарурӣ дода нашудааст. Дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Домулло» фаъолият дорад. Роҳбари ин ҷамъият — дотсенти соҳаи кишоварзӣ Домулло Бобоев, ки дар шаҳрҳои Тошканду  Самарқанд харгӯшпарвариро таҷриба кардааст, рушди соҳаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авло мешуморад. Харгӯш ҳайвони сернасл ва камхарҷ аст. Он дар як сол то 15 сар насл медиҳад. Харгӯш зоти зуд инкишофёбанда буда, дар муддати 70 рӯз барои ба истеҳсолот додан тайёр мешавад.  

Декабрь 10, 2008 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар