ДОНИШУЁНУ ПАЖУҲИШГАРОНИ ТОҶИК ОЗИМИ ТЕҲРОН ШУДАНД
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Як гурӯҳи донишҷӯён ва пажӯҳишгарон аз донишгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд ҷиҳати шиносоӣ бо фарҳангу таърихи Эрон озими шаҳри Теҳрон шуданд. Ин гурӯҳи 25-нафара бо даъвати Донишгоҳи «Ҷамоат-ул- Мустафо»-и Теҳрон ва бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистону Ройзании фарҳангии Эрон дар Душанбе ба Эрон даъват карда шуданд. Донишҷӯёни тоҷик муддати як моҳ дар Донишгоҳи «Ҷамоат-ул-Мустафо»-и Теҳрон дар давраҳои омӯзишӣ дар бахши эроншиносӣ ширкат намуда, бо дастовардҳои иқтисодию фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихии сарзамини Эрон шинос мешаванд. Дар маросими гусели донишҷӯёни тоҷик ба Теҳрон, ки дар Сафорати Эрон дар Душанбе баргузор гардид, котиби сафири Эрон дар Тоҷикистон Парвизи Самадӣ ва раиси Ройзании фарҳангии ин кишвар дар Тоҷикистон Қаҳрамон Сулаймонӣ роҷеъ ба робитаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон суханронӣ карда, ба сатҳи ҳамкориҳои фарҳангии ҳар ду кишвари ҳамзабон баҳои баланд доданд. Тибқи иттилои масъули равобити умумии сафорати Эрон дар Тоҷикистон Муҳамадризо Баҳодур, ин дуюмин ҳайати донишҷӯёни тоҷик аст, ки ба Эрон сафар менамоянд. Моҳе қабл як гурӯҳи 25-нафараи донишҷӯёни тоҷик давраи омӯзиширо дар Донишгоҳи Фирдавсии шаҳри Машҳад гузаронида буданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






