ДУХТУРҲОИ ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ «ҶИП ХУНДАЙ ТАКСОН» МЕШАВАНД
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон бо мақсади бозомўзии мутахассисони муассисаҳои тандурустии кишвар марбут ба тиби оилавӣ корҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 26-уми декабри соли 2008 дар мавзеи Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон аз ҷониби Маркази татбиқи Лоиҳа оид ба тандурустии ҷомеавӣ ва заминавӣ, бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ Маркази таълимию клиникии тиби оилавии вилояти Хатлон ба истифода дода мешавад. Марказ бо синфхонаҳои муосир, толорҳои мутолиа ва лексионӣ, хобгоҳ барои толибилмон, китобхонаи анъанавӣ, маркази автономии гармидиҳӣ, бино барои нигоҳдории нақлиёт ва зарфи обтаъминкунии ғунҷоишаш зиёда аз 100 тонна муҷаҳҳаз аст. Ғайр аз ин, маркази мазкур бо таҷҳизот барои гузаронидани чорабиниҳо, техникаи маишӣ, ашёи таълимӣ, дастгоҳҳои нусхабардорӣ, адабиёти илмию таълимӣ, воситаҳои муосири алоқа, генератори баландшиддат ва нақлиёт таъмин карда шудааст. Барои таъмини бемайлони нерӯи барқ ба Марказ хатти озоди барқ гузаронида шуда, трансформатори алоҳида насб карда шудааст. Инчунин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ ба муассисаҳои тандурустии вилоят 20 адад нақлиёти санитарии УАЗ, 21 адад автомашинаи «НИВА», 1 адад «Ҷип Хундай Таксон» ва 1 адад автомашинаи «НИВА Шевролет» тақдим мегардад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






