ДУЗДОН ДАСТГИР ШУДАНД
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). — Сокини ноҳияи Панҷакент Шариф Норови 35 — сола ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ғончӣ ариза дода, шикоят намуд, ки шахсони номаълум дуртар аз деҳаи Далёни поён аз бордони мошини ӯ панҷ чархи мошини сабукрав, ду велосипед, як арраи автоматии дизелӣ ва як чархи мошини КАМАЗ- ро дуздидаанд. Кормандони милиса дар ҷараёни тафтиш муқаррар намуданд, ки ҷинояти мазкурро Ӯткирҷон Рофиеви 32 — сола ва Хидирназар Шарифови 28 — сола содир кардаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






