Э. РАҲМОН: «ТОҶИКОН» САҲИФАҲОИ ТОРИКИ ТАЪРИХРО РАВШАН СОХТ»

Декабрь 25, 2008 17:25

Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 31-уми декабр таърихнигору шарқшиноси маъруфи тоҷик, муаллифи китоби «Тоҷикон», Қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров 100-сола мешавад. Имрӯзҳо ба ин муносибат дар саросари мамлакат, бахусус дар мактабҳои миёна ва олии кишвар 100-солагии ин донишманди шаҳири тоҷикро истиқбол мегиранд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана, ки ба муносибати 100-солагии Бобоҷон Ғафуров дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дод, ки то рӯзи ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне моҳи сентябри 2011 матни тоҷикии китоби «Тоҷикон» ва тарҷумаи онро ба забони англисӣ аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Сарвари давлат бо теъдоди 50 ҳазор нусха таъмин намоянд.Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд кард, ки асари «Тоҷикон» шӯълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳофизаи таърихии мардумро бедор намуд ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳи тоза бахшид.Қобили қайд аст, ки Бобоҷон Ғафуров дар давраи пур аз тазод ва муборизаҳои шадиди сиёсиву илмӣ, яъне дар солҳои мураккабу тақдирсози 30-юми асри гузашта, ки ҳазорон зиёиёну равшанфикрон таъқибу бадарға гардида, ҳазорҳо нафари дигар тарки Ватан карда буданд, бо ҷасорати сиёсиву илмӣ дар паҳлӯи устод Садриддин Айнӣ истода, барои ҳифзи номи неки миллати тоҷик кӯшиш ба харҷ додаст. Бояд зикр намуд, ки ба хотири арҷгузорӣ аз Бобоҷон Ғафуров то соли 1998 — замони таҷлили 90-умин солгарди зодрӯзи ӯ ба ҷуз аз номгузории як ноҳия ба номи Ғафуров ва як кӯча ба номи Розия Озод дигар иқдоме сурат нагирифта буд. Ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарзанди фарзонаи миллати тоҷик соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бобоҷон Ғафуров унвони «Қаҳрамони халқи тоҷик» дода шуд. Дар баробари ин, худи ҳамин сол бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузошта шуда, осорхонаи Бобоҷон Ғафуров дар зодгоҳаш боз шудааст. Дар ин осорхона мизи кории Ғафуров, ки замони роҳбарӣ дар пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ китоби «Тоҷикон» рӯи он таълиф шудааст, аз умдатарин нигораҳо маҳсуб меёбад. Дар назди осорхонаи мазкур Маркази илмии пажуҳишӣ низ фаъолият мекунад, ки ба таҳқиқи осор, ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Б. Ғафуров машғул аст. Ин марказ ба ифтихори 100-солагии зодрӯзи Қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров якчанд китобу брошюра ба нашр расонидааст.  Дар арафаи ҷашни якасраи Бобоҷон Ғафуров шоҳасари ӯ — «Тоҷикон» аз нав ба чоп расид.Лозим ба ёдоварист, ки зодгоҳи академик Бобоҷон Ғафуров деҳаи Исфисор воқеъ дар даҳкилометрии Хуҷанд номи ӯро дорад. То соли 1978 ин шаҳрак «Советобод» номида мешуд. Дар даромадгоҳи шаҳри Ғафуров пайкараи Б. Ғафуров қад афрохтааст. Маҳаллаи зодгоҳи Бобоҷон Ғафуров ба номи модари ӯ, шоира Розия Озод гузошта шуда, дар он ҷо чанд оилаи донишманди маъруф низ умр ба сар мебаранд. Аммо ягона духтари ӯ Нелла ва бародараш Олимҷон дар Москва зиндагӣ мекунанд.  

Декабрь 25, 2008 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид