ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР ШАСТСОЛА ШУД

Декабрь 10, 2008 10:53

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Имрӯз, 10-уми декабр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи башар ёд карда мешавад. Соли ҷорӣ ин рӯз бо 60-умин солгарди тасвиби Эъломияи ҳуқуқи башар рост омад. Созмони Миллали Муттаҳид дар робита бо ин солгард кайҳо боз омодагиро оғоз намуда, дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон тадобиреро барномарезӣ кардааст, то мардум битавонанд бештар аз ҳуқуқи бунёдии худ огоҳ шаванд. Дабири кулли СММ Пан Ги Мун дар остонаи Рӯзи ҳуқуқи башар дар паёми худ гуфтааст, ки танҳо замоне метавон аз ин санад ифтихор кард, ки усули он дар ҳар ҷо ва барои ҳама ба иҷро расад. Бояд ёдовар шуд, ки Эъломияи ҳуқуқи башар соли 1948, замоне ба тасвиб расид, ки ҷаҳон ҳанӯз домангири пайомадҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ буд ва ҳуқуқи башар дар вазъи хуб қарор надошт. Бо назардошти чунин вазъ, дар СММ ба хулосае расиданд, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин вазъ як санади умумӣ зарур аст, то он ҳимоят аз ҳуқуқи ҳар фарди сайёраро дар алоҳидагӣ фаро бигирад. Ҳамсари Президенти онвақтаи ИМА Франклин Рузвелт хонум Элеанор Рузвелт шаст сол қабл дар рӯзи тасвиби Эъломияи ҳуқуқи башар роҳбарии Раёсати Комиссияи ҳуқуқи башари СММ-ро бар ӯҳда дошт. Ӯ 9-уми декабри соли 1948 дар Маҷмааи умумии СММ дар Ню-Йорк дар лаҳзаҳои қабл аз тасвиби ин эъломия гуфта буд, ки ин Эъломия дар оянда метавонад дар ҳама ҷо барои ҳама ба дастуруламали байналмилалӣ табдил ёбад.

Декабрь 10, 2008 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд