ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БЕҲТАРИНИ СИЁСАТМАДОРИ СОЛИ 2008

Декабрь 30, 2008 15:03

Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назарсанҷие, ки аз сӯи ҳафтаномаи «Курьер Таджикистана» гузаронида шуд, беҳтарин сиёсатмадори  Ҷум ҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 муаррифӣ гардид. Ба ҷонибдории Президенти мамлакат 33 нафар намояндаи ВАО-и Тоҷикистон овоз додаанд. Ба роҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ се хол ва ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров 1-холӣ насиб гардидааст.       Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст беҳтарин сафири фаъоли кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуда, зинаи дуюмро собиқ сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов касб намудааст.       Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода беҳтарин бонкдор шинохта шуда, ҷойҳои дуюм ва сеюмро раисони «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ва «Агроинвестбонк» Ниёзмурод Саидмуродов ишғол намудаанд.        Директори ширкати «Вавилон-М» Беҳзод Файзуллоев соҳибкори беҳтарин дар соли 2008 муаррифӣ шуда, ҷойҳои дуюм ва сеюм насиби Абдуҳалим Қодиров («Ёқут-2000») ва Зайд Саидов гардид.         Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтаномаи  «Чархи гардун» Акбаралӣ Сатторов беҳтарин журналисти соли 2008 эътироф шуд.        Овозхони ҷавону боистеъдод Таҳмина Ниёзова ҳунарманди беҳтарини соли 2008 гардид.        Тавре сардабири рӯзномаи «Курьер» Таджикистна» Муҳаммадҷон Тоштемиров зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт», «чунин назарсанҷӣ дар байни кормандони ВАО ҷиҳати муайян намудани шахсиятҳо ва чеҳраҳои маъруфу шинохтаи кишвар ба таври анъанавӣ аз соли 1999 инҷониб аз сӯи рӯзномаимазкур гузаронида мешавад». Дар ҷамъбасти соли 2008 аз рӯи 6 номгӯй  беҳтарин сиёсатмадор, сафири беҳтарин, бонкдори беҳтарин, соҳибкори беҳтарин, журналисти беҳтарин, ҳунарманди беҳтарини сол назарсанҷӣ сурат гирифт, ки дар он 38 нафар намояндаи ВАО-и кишвар, аз ҷумла сардабирони рӯзномаву маҷаллаҳо, радио ва телевизион, хабаргузориҳои иттилоотии Тоҷикистон ширкат намуданд. 

Декабрь 30, 2008 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд