ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТКОРИ АФҒОН ДАСТГИР ШУДАНД

Декабрь 27, 2008 12:17

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Бо назардошти вазъияти мураккаби ҷинояткорӣ дар ноҳияи Шўрообод, ки бо сабаби зиёдшавии ҳодисаҳои нашъаҷаллобию гаравгонгирӣ ба миён омадааст, роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии кумита  супориши қатъӣ дода буд, ки фаъолияти худро дар самти ҳифзи ҷисмонии сарҳади давлатӣ пурзӯр намояд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 24-уми декабри соли равон дар ҳудуди деҳаи Порвори ноҳияи Шӯрообод дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи сокинони маҳаллӣ хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ амалиёти махсус анҷом доданд. Дар натиҷа ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон — аъзои гурӯҳи муташаккили ҷинояткор Хайрулло валади Сулаймон ва Суфиназир валади Эмомназар, ки солҳои зиёд ба нашъаҷаллобӣ ва гаравгонгирии сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон машғул буданд, дастгир карда шуданд.       Инчунин, сарҳадбонони тоҷик аз қочоқчиёни афғон беш аз 100 кг маводи гуногуни нашъадор, 2 автомати Калашников, 10 адад тирдон ва 300 дона тири автомат мусодира намуданд. Бояд зикр намуд, ки амалиёти мазкур барои мӯътадил гардонидани вазъият дар минтақа ба пешгирии амалҳои ҷинояткоронаи нашъаҷаллобӣ ва гаравгонгирӣ мусоидат менамояд. Нисбати қазияи мазкур аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.   

Декабрь 27, 2008 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад