ХӮРОКВОРӢ ДАР ДУШАНБЕ НИСБАТИ ДИГАР ПОЙТАХТҲОИ ИДМ АРЗОН АСТ
Душанбе, 23 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи иттилои ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт расидаи Кумитаи давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе назар ба дигар пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзонтар аст. Масалан, 1 кг гӯшти гов, ки дар Душанбе нархаш 17 сомонӣ аст, дар Боку 59 %, дар Москва 40 %, дар Остона 27,3 %, дар Ереван 6,5 % ва дар Минск 1,6 % қиммат мебошад. Дар пойтахти Қирғизистон- шаҳри Бишкек 1 кг гӯшти гов 1,6 % назар ба Душанбе арзон аст. Як литр равғани растанӣ, ки нархи миёнааш дар Душанбе 9, 50 сомониро ташкил медиҳад, дар Бишкек 26,9 %, дар Остона 21,4 %, дар Москва 19,8 %, дар Боку 13,4 %, дар Ереван 11,2 % ва дар Минск 2,9 % қиммат аст. Агар 1 кг шакарро сокинони Душанбе бо нархи 2,70 сомонӣ харидорӣ намоянд, он дар бозорҳои Бишкек 48,5 %, Остона — 33,3%, Москва -32,2 %, Боку — 30,7 %, Ереван — 1,5 % ва дар Минск- 20,0% назар ба Душанбе қиммат аст. Нархи 1 кг орди гандуми навъи олӣ дар бозорҳои Душанбе 2,70-ро ташкил медиҳад. Орд дар қиёс бо Душанбе дар Ереван 4,25 %, Остона- 4,08 %, Боку 3,62 %, Бишкек -3, 44 %, Москва -3,41 % ва дар Минск 2,85 % қиммат фурӯхта мешавад. Ҳамчунин, тибқи маълумотномаи Кумитаи давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бозорҳои Душанбе нархи маҳсулоти ширӣ ва сабзавот, хусусан картошка, пиёзи бехӣ ва сабзӣ назар ба нархи бозорҳои пойтахтҳои дигари кишварҳои ИДМ арзон аст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






