ХАЙРИНИСОИ МАВЛОН ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ МАШВАРАТ МЕГУЗАРОНАД
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 20-уми декабр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳти унвони «Пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавондухтарон» семинар баргузор мегардад. Дар он раиси Кумитаи зан ва оилаи ҶТ Хайринисои Юсуфӣ бо донишҷӯдухтарони ДДОТ сӯҳбат намуда, доир ба пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуб машварат мегузаронад. Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби масъули семинар Марҳабо Олимова хабар дод, барои иштирок намудан дар чорабинии мазкур намояндагони ҳифзи ҳуқуқ низ даъват шудаанд. Дар доираи семинар 5 нафар донишҷӯдухтарон, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд, бо ифтихорнома қадрдонӣ карда мешаванд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






