ХАВФИ ҚАРЗИ ИСТЕЪМОЛӢ ВУҶУД НАДОРАД?
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бонкҳои ҷумҳурӣ шаклҳои гуногуни қарздиҳиро истифода мебаранд, ки ҳамаи он ба манфиати мардум аст. Бино ба гуфтаи сардори филиали ҶСК «Агроинвестбонк»-и шаҳри Панҷакент Муҳаммадҷон Аҳроров, яке аз шаклҳои қарздиҳӣ, ки ба он талаботи мардум ҳамарӯза зиёд мешавад, қарзи истеъмолӣ мебошад. Ин намуди қарз ҳам барои бонк ва ҳам барои қарзгиранда манфиатовар аст. Маблағи ин намуд қарз нисбатан камтар аст ва хавфи барнагардонидани он вуҷуд надорад. Дар соли 2008 қарзҳои истеъмолие, ки бонки мазкур ба шаҳрвандон додааст, 827 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он то охири моҳи ноябр пурра ба бонк баргардонида шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






